Фестивали ҳунарии ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони “Дунёи меҳр”

Дар доираи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҳунарии ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони “Дунёи меҳр” баргузор мегардад. Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷавон, истеъдодҳои нодир дар байни шахсони нобино ва […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар доираи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон, Соли ҷавонон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҳунарии ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони “Дунёи меҳр” баргузор мегардад.

Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷавон, истеъдодҳои нодир дар байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст, арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, тарғибу ташвиқи санъати ниёгон ва муосири тоҷик, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти дастаҳои худфаъолияти бадеӣ дар назди филиалҳои Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, хештаншиносии наврасону ҷавонон ва мустаҳкам намудани робитаи эҷодӣ байни ҳаваскорони санъат ва устодони варзидаи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар ҷашвора ҳамаи хоҳишмандони то 35-солаи қувваи босираашон суст ё нобино, ки дар навозиши асбобҳои миллӣ ва аврупоӣ, иҷрои сурудҳои фолклорӣ ва классикӣ, инчунин хониши бадеии шеъру тарона ва порчаҳои насрӣ истеъдод доранд, иштирок карда метавонанд.

Баргузории даври аввали фестивал моҳҳои июл ва августи соли 2017 дар мавзеъҳои зерин дар назар аст:

– Рӯзи 13 июли соли 2017 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа барои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон.

– Рӯзи 18 июли соли 2017 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент барои иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ.

– Рӯзи 20 июли соли 2017 бо иштироки ҳаваскорони санъат аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Мастчоҳ, Ашт, Деваштич, Спитамен, Зафаробод, Б.Ғафуров ва Ҷ.Расулов дар толори Кохи фарҳанги ба номи А.Рӯдакии шаҳри Хуҷанд.

– Рӯзи 21 июли соли 2017 бо иштироки хаваскорони санъат аз шаҳрҳои Конибодом ва Исфара дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Исфара.

– Рӯзи 2 августи соли 2017 дар Муассисаи давлатии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М. Назаров”-и шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ.

– Рӯзи 5 августи соли 2017 бо иштироки ҳаваскорони санъат аз шаҳри Душанбе, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор.

– Рӯзи 8 августи соли 2017 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Вахдат бо иштироки ҳаваскорони санъат аз шаҳру ноҳияҳои Вахдат, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Роғун, Файзобод ва Норак.

Даври ҷамъбастии фестивал 22 сентябри соли 2017 бо иштироки 35 нафар ғолибон аз тамоми шаҳру навоҳӣ дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор мегардад. Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.