Кушта шудани 4 хеши Гулмурод Ҳалимов дар Восеъ

Дар задухӯрд бо кормандони милитсия, ки шаби 4 июл дар деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ рух дод, чор хеши наздики собиқ корманди ВКД полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов – ду бародар ва ду ҷияни ӯ ҳангоми муқовимати мусаллаҳона ба кормандони милитсия кушта шуданд. Муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона (УБОП)-и Тоҷикистон Анвар Ҳусейнов бо захми корд […]

Дар задухӯрд бо кормандони милитсия, ки шаби 4 июл дар деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ рух дод, чор хеши наздики собиқ корманди ВКД полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов – ду бародар ва ду ҷияни ӯ ҳангоми муқовимати мусаллаҳона ба кормандони милитсия кушта шуданд.

Муовини сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона (УБОП)-и Тоҷикистон Анвар Ҳусейнов бо захми корд аз хешони Ҳалимов дар бемористон бистарӣ шуда, баъди ҷарроҳӣ ба ҳаёташ хатар вуҷуд надорад.

Кормандони милитсия чанде аз хешовандону наздикони Ҳалимовро ба робита доштан бо созмонҳои терористӣ гумонбар медонанд. Тибқи маълумоти онҳо, ҳама куштаву боздошт шудагон ғайриқонунӣ ба Афғонистон гузаштанӣ будаанд.

Қобили зикр аст, ки волидони Гулмурод Ҳалимов зодагони ноҳияи Восеъ буда, имрӯз дар он ҷо хешовандони ӯ зиндагӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки нисбати Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола, писари собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)- ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.