Писари собиқ роҳбари “Барқи тоҷик” директори бузургтарин аквапарк таъин шуд

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо қарори худ Муродҷон Самиевро директори бузургтарин аквапарк дар Тоҷикистон, ки чанде қабл мавриди истифода қарор гирифт, таъин кард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, акнун расман аквапарк Муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии Обшорон» ном гирифт.

Муродҷон Самиев писари собиқ раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, собиқ раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, собиқ директори нерӯгоҳи Бойғозӣ, айни замон раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Шарифхон Самиев мебошад.

Ёдрас мекунем, ки 19 июни соли равон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар маркази нави муҳташами истироҳатии "Обшорон" – калонтарин Аквапарк ё худ парки обӣ дар мамлакат мавриди истифода қарор дода шуд.

Маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои   тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар як вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...