Гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе

Нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, нахуст дидору гуфтушуниди Муҳаммад Навоз Шариф бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва сипас гуфтушунидҳои ҳайатҳои кишварҳо доир мегардад, ки дар он имзои як қатор асноди дуҷониба дар назар аст. Пагоҳ, 6 июл нахуствазири […]

Нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, нахуст дидору гуфтушуниди Муҳаммад Навоз Шариф бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва сипас гуфтушунидҳои ҳайатҳои кишварҳо доир мегардад, ки дар он имзои як қатор асноди дуҷониба дар назар аст.

Пагоҳ, 6 июл нахуствазири Покистон дар вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 иштирок мекунад. Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков рӯзи 6 июл ба Душанбе меоянд.

Ҳамчунин пагоҳ нишасти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор гардида, дар чаҳорчӯби вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкориҳо миёни се кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва амният баррасӣ хоҳад шуд.

Қаблан Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон огоҳ карда буд, ки рӯзи 6 июл аз соати 06:00 то 18:00 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз маҳаллаи “Варзоб ГЭС”-и шаҳри Душанбе то мавзеи “Такфон”-и ноҳияи Айнӣ маҳдуд карда мешавад.

Гуфта мешавад, зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ ба мавзӯъҳои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ, татбиқи муштараки тарҳҳои энергетикӣ ва зерсохтори нақлиётӣ ва таҳкими равобит миёни доираҳои соҳибкорони се кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад гашт.

Ҳамчунин масъалаҳои мусоидати минбаъда ба талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин кишвар, муборизаи муштараку самаранок алайҳи чолишҳои амниятии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор ҳоҳанд гирифт.

Аз натиҷаи мулоқоти Душанбе изҳороти муштараки сарони се кишвар, ки дурнамои шарикии фарогир, эҷоди механизмҳои нави ҳамкориҳо ва роҳҳои тақвияти равандҳои минтақавиро таъйин мекунад, қабул хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.