Задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар асоси маълумотҳои оперативӣ санаи 3-юми июли соли равон Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи тобеияти Отряди сарҳадии “Панҷ”, аз ҷониби қочоқчиён ҳолати убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар […]

Иттилоияи расмӣ

Дар асоси маълумотҳои оперативӣ санаи 3-юми июли соли равон Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи тобеияти Отряди сарҳадии “Панҷ”, аз ҷониби қочоқчиён ҳолати убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ итоат накарда, ба тарафи хизматчиёни ҳарбӣ оташ кушоданд, ки байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.

Қочоқчиёни афғон ба чусту чолоки ва муқовимати сарҳадбонон тоб оварда натавониста, ба тарафи ҶИА фирор намуданд.  

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тахминан 16 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АКМ 74, як адад тирдон бо тирҳои қутраш 7,62 дарёфт ва мусодира карда шуд. 

Инчунин санаи 3-юми июли соли 2017 соати 23:30 дақиқа аз ҷониби қочоқчиён ҳангоми убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар минтақаи тобеъияти отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” амалиёт гузарониданд, ки убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд.

Сарҳадбонони тоҷик мувофиқи Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ амал намуда, дар натиҷаи амалиёт байни наряди сарҳадӣ ва як гурӯҳи қочоқбарони номаълуми афғон задухурди мусаллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷаи он шахсони номаълуми қочоқбарон ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон баргаштанд.

Ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқчиёни 30-35 солаи шахсияташон номаълум ва маводҳои мухаддири навъи  чарс – 4 кг,  афюн – 1 кг,  як адад телефони мобилӣ ва як адад корди шикорӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз ҷониби Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтишотҳо идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.