Гурӯҳҳои кории пешгирии майли занону духтарон ба сарулибоси бегона дар Суғд

Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бобати пешгирии майли занону духтарон ба фарҳанги бегонаву ба бар намудани либосҳои ба миллати мо бегона 21 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, ба гурӯҳҳои […]

Asia-Plus

Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бобати пешгирии майли занону духтарон ба фарҳанги бегонаву ба бар намудани либосҳои ба миллати мо бегона 21 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, ба гурӯҳҳои корӣ намояндагони шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи шаҳр, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони Шӯрои занони маҳаллаҳо, аъзои фаъоли Шӯрои занони вилоят ва намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд шомил гардиданд.

Зимни ҷаласа аз ҷониби Сардори Раёсати кор бо занон ва оила Н.Мирзозода ба иштироккунандагон оиди пурзӯр намудани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ супориш дода шуда, нақшаи чорабиниҳои доимоамалкунандаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба тарғибу ташвиқи аз байн бурдани либоси ба миллати мо бегона (сатру ҳиҷоб) дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид.

Гуфта мешавад, шурӯъ аз санаи 4 июли соли равон аъзои гурӯҳҳо фаъолияти худро оғоз намуда, ба ҳамаи маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар карда шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.