Рӯзҳои наздик обуҳавои Тоҷикистон хеле гарм мешавад

Asia-Plus

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-10 июл дар Тоҷикистон ҳавои хеле гарм пешбинӣ шуда, дар пойтахт ҳарорати то 45 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, обуҳавои гарм аз қаламрави Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон, имоли Афғонистон ва Нимҷазираи Араб ба Тоҷикистон меояд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо ҳарорат дар водиҳои навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд рӯзона 38-43 дараҷа, дар вилояти Хатлон – то 40-45, дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 31-36 ва минтақаи баландкӯҳ- 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки болоравии беҳади ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳистону минтақаҳои баландкӯҳ ба обхезиву селфароӣ боис шуда метавонад. Дар дарёҳои Панҷ, Гунт, Зарафшон ва Вахш болоравии сатҳи об дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки боронҳои шадид бо бодҳои тӯфонӣ ва жолаи рӯзи 4-уми июли соли 2017  дар баъзе ноҳияҳои кишвар осеби ҷузъӣ расонд. Баъзе хонаводаҳо зарар диданд, дар манотиқи дигар ҳаракати мошинҳоро ба самти ноҳия муддате мутаваққиф кард. Зарари расида ҳисоб мешавад, ба зарардидагон кӯмак мерасад. Ситодҳои муштарак шабонарӯзӣ фаъоланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...