Рӯзҳои наздик обуҳавои Тоҷикистон хеле гарм мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-10 июл дар Тоҷикистон ҳавои хеле гарм пешбинӣ шуда, дар пойтахт ҳарорати то 45 дараҷа гармӣ дар назар аст. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, обуҳавои гарм аз қаламрави Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон, имоли Афғонистон ва Нимҷазираи Араб ба Тоҷикистон меояд. Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо ҳарорат дар водиҳои навоҳии тобеи […]

Asia-Plus

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-10 июл дар Тоҷикистон ҳавои хеле гарм пешбинӣ шуда, дар пойтахт ҳарорати то 45 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, обуҳавои гарм аз қаламрави Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон, имоли Афғонистон ва Нимҷазираи Араб ба Тоҷикистон меояд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо ҳарорат дар водиҳои навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд рӯзона 38-43 дараҷа, дар вилояти Хатлон – то 40-45, дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 31-36 ва минтақаи баландкӯҳ- 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки болоравии беҳади ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳистону минтақаҳои баландкӯҳ ба обхезиву селфароӣ боис шуда метавонад. Дар дарёҳои Панҷ, Гунт, Зарафшон ва Вахш болоравии сатҳи об дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки боронҳои шадид бо бодҳои тӯфонӣ ва жолаи рӯзи 4-уми июли соли 2017  дар баъзе ноҳияҳои кишвар осеби ҷузъӣ расонд. Баъзе хонаводаҳо зарар диданд, дар манотиқи дигар ҳаракати мошинҳоро ба самти ноҳия муддате мутаваққиф кард. Зарари расида ҳисоб мешавад, ба зарардидагон кӯмак мерасад. Ситодҳои муштарак шабонарӯзӣ фаъоланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.