Сӯхтор дар меҳмонхонаи Қӯрғонтеппаро 10 дастаи оташнишонӣ хомӯш кард

Дар меҳмонхонаи “Сайри Орзу”-и шаҳри Қурғонтеппа, воқеъ дар кӯчаи Умари Хайём нимаи имрӯз сӯхтор сар зада, онро дастаи оташнишонии шаҳр ва ноҳияи наздик ба марказ хомӯш карданд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз Раёсатти оташнишонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба онҳо дар бораи сӯхтор 11:40 хабар расида, дарҳол 10 дастаи […]

Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи “Сайри Орзу”-и шаҳри Қурғонтеппа, воқеъ дар кӯчаи Умари Хайём нимаи имрӯз сӯхтор сар зада, онро дастаи оташнишонии шаҳр ва ноҳияи наздик ба марказ хомӯш карданд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз Раёсатти оташнишонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба онҳо дар бораи сӯхтор 11:40 хабар расида, дарҳол 10 дастаи оташнишонӣ, 3 мошини сӯхторхомӯшкунии қисми оташнишонии шаҳр, 2 дастаи оташнишонони Бохтар, 2 мошини қисми оташнишонӣ, воқеъ дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ва 1-тогӣ дастаи оташнишонон аз ноҳияҳои Вахшу Сарбанд ва бозори “Фаровон” ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба оташнишонон муяссар шудааст, ки паҳншавии алангаи оташро пешгирӣ намоянд, то ки он ба биноҳои наздик ва гирду атроф нагузарад.

Сӯхтор дар бинои асосии меҳмонхона рух дода, он замон дар он меҳмонон набудаанд. Сӯхтор боми меҳмонхонаро пурра нобуд карда, айни замон мутахассисон дар ҷойи ҳодиса машғули коранд. Онҳо сабабҳои сар задани сӯҳтор ва ҳаҷми зиёни расидаро муайян мекунанд.

Навори видео аз ҷониби корбари сомона Тимур Анҷиров фиристода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.