Тоҷикистон ба истифодаи имкониятҳои бандарҳои Покистон манфиатдор аст

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон нахуст дар вохурии хосаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз гардида, сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб идома ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ташрифи меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, Сарвазири ин кишварро барои ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Покистон табрик намуд.

Аз раванди идомаёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо дидору вохуриҳои сатҳи баланди имрӯзаро дар давраи барои таърихи муосири муносибатҳои ду давлат хотирмон – 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ муҳиму манфиатбор арзёбӣ намуданд.

Гуфта мешавад, изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои музокироти имрӯза муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯстро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг тақвияти дучанд бахшида, дар оянда воситаи муҳими таҳкимбахши маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон хоҳанд гардид.

Аз сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ идомаи фаъолияти самарабахш ва тавсеаи кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба мақсади мусоидат ба хизматрасониҳо дар арсаҳои ҳамлу нақл миёни ду кишвар ва минтақа ҷонибҳо ҳарчи зудтар мувофиқа намудани Созишномаро оид ба тиҷорати транзитии дуҷониба таъкид карда, ҳамчунин изҳори умедворӣ намуданд, ки доираҳои сармоягузории Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи кишвари мо дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ иштирок хоҳанд кард.

«Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкӣ мебошад ва бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид менамояд», – изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамдастии давлатҳоро дар заминаи татбиқи яке аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва барои кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ муҳим – лоиҳаи КАСА – 1000 таъкид намуданд.

Дар мулқоту музокироти сатҳи баланд ҳамчунин доир ба номгӯйи фарохи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноякории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод месозанд, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимни мулоқоту музокироти судманд ҳамчунин ба масъалаи пайдо кардани роҳу василаҳои самарадеҳи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Ҳар ду ҷониб ҳамкории фарогир ва созандаи байнидавлатиро мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуҳлати мардумони ду кишвар арзёбӣ карда, густариши ҳамгироии минтақавиро,ки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд, тадбири зарурӣ ва муҳим шумориданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...