Манъи муваққатии додани асноди ронандагӣ дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Додани асноди ронандагӣ, бақайдгирӣ ва гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти механикӣ дар Тоҷикистон муваққатан манъ карда мешавад.

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин кор бо сабаби гузаронидани корҳои профилактикӣ дар Маркази иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ВКД Тоҷикистон рӯзҳои 8 – 11 июли соли 2017 сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки аз баҳори соли 2014 Тоҷикистон ба додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ гузашта, асноди намунаи нав дар қаламрави кишвар мувофиқи талаботи Конвенсияи Вена дар бораи ҳаракат дар роҳ, ки Тоҷикистон низ узваш мебошад, ҷорӣ шуд.

Санадҳои намунаи нав аз шаҳодатномаҳои маъмулӣ бо он фарқ мекунанд, ки сатҳи баланди ҳимоя дошта, андозаашон нисбатан хурдтар ва кортҳои хурди пластикӣ мебошанд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, шурӯъ аз соли равон шаҳодатномаҳои ронандагии Тоҷикистон дар қаламрави Русия дигар эътироф намешаванд. Акнун онро бо тамоми расмиёташ, аз ҷумла омӯзиши иловагӣ дубора мебояд гирифт.

Дар ҳамин ҳол, дар муроҷиатномаи Думаи давлатии Русия ба президенти ин кишвар, ки санаи 5 июл ироа шуд, пешниҳод шуд, ба ҳуҷҷати ронандагии Қирғизистон мақоме дода шавад, ки ба шаҳодатномаи белорусӣ ҳамчун кишвари ҳампаймони Русия дода шудааст.

Агар пешниҳод қабул шавад, шаҳрвандони Қирғизистон дигар маҷбур нестанд, аз забони русӣ имтиҳон супоранд ва бо шаҳодатномаи миллии худ метавонанд, дар Русия ронандагӣ кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...