Манъи муваққатии додани асноди ронандагӣ дар Тоҷикистон

Додани асноди ронандагӣ, бақайдгирӣ ва гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти механикӣ дар Тоҷикистон муваққатан манъ карда мешавад. Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин кор бо сабаби гузаронидани корҳои профилактикӣ дар Маркази иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ВКД Тоҷикистон рӯзҳои 8 – 11 июли соли 2017 сурат мегирад. Қобили зикр аст, ки аз баҳори […]

Asia-Plus

Додани асноди ронандагӣ, бақайдгирӣ ва гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти механикӣ дар Тоҷикистон муваққатан манъ карда мешавад.

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин кор бо сабаби гузаронидани корҳои профилактикӣ дар Маркази иттилоотии ҷумҳуриявии БДА ВКД Тоҷикистон рӯзҳои 8 – 11 июли соли 2017 сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки аз баҳори соли 2014 Тоҷикистон ба додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ гузашта, асноди намунаи нав дар қаламрави кишвар мувофиқи талаботи Конвенсияи Вена дар бораи ҳаракат дар роҳ, ки Тоҷикистон низ узваш мебошад, ҷорӣ шуд.

Санадҳои намунаи нав аз шаҳодатномаҳои маъмулӣ бо он фарқ мекунанд, ки сатҳи баланди ҳимоя дошта, андозаашон нисбатан хурдтар ва кортҳои хурди пластикӣ мебошанд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, шурӯъ аз соли равон шаҳодатномаҳои ронандагии Тоҷикистон дар қаламрави Русия дигар эътироф намешаванд. Акнун онро бо тамоми расмиёташ, аз ҷумла омӯзиши иловагӣ дубора мебояд гирифт.

Дар ҳамин ҳол, дар муроҷиатномаи Думаи давлатии Русия ба президенти ин кишвар, ки санаи 5 июл ироа шуд, пешниҳод шуд, ба ҳуҷҷати ронандагии Қирғизистон мақоме дода шавад, ки ба шаҳодатномаи белорусӣ ҳамчун кишвари ҳампаймони Русия дода шудааст.

Агар пешниҳод қабул шавад, шаҳрвандони Қирғизистон дигар маҷбур нестанд, аз забони русӣ имтиҳон супоранд ва бо шаҳодатномаи миллии худ метавонанд, дар Русия ронандагӣ кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.