Машқҳои низомии «Ҳамкории минтақавӣ-2017» дар Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Нерўҳои амниятии Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва ИМА,  инчунин назоратчиён аз Қазоқистон, дар машқҳои фармондеҳӣ-ситодии бисёрмиллиятии ҳарсола дар чорчўбаи Ҳамкориҳои Минтақавӣ– 2017 (ҲМ -17), ки дар шаҳри Душанбе аз 10 то 23 июли соли 2017 баргузор мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Роҳбарии ин машқи низомиро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст.  ҲМ – 17 амалиёти намунавии сулҳофариниест, ки ба мандати СММ, бо таваҷҷўҳи умда ба мубориза зидди терроризм, амнияти сарҳадӣ, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо барои рафъи офатҳои табиӣ ва баргузории амалиётҳо барои нигаҳдории субот, ҷавобгў мебошад.

Ҳар як кишвар баҳри иштирок дар банақшагирии амалиётҳои низомии муштарак намояндагони худро пешниҳод менамояд, ки аз рўи якчанд сенарияҳои эҳтимолӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. 19 июл намояндагони васоити ахбори омма даъват мешаванд, то ки дар «Кохи афсарон» рафти машқҳои фармондеҳӣ-ситодиро мушоҳида кунанд ва бо иштирокчиён мусоҳиба гузаронанд.    

Омўзише, ки дар чорчӯбаи ҲМ – 17 сурат мегирад, ба ҳамкорӣ ва мутобиқати функсионалӣ мусоидат мекунад, зарфияти кориро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти амнияти муштарак баланд мебардорад, қобилияти аксуламали фаврӣ байни созмонҳои бисёрмиллиятиро тақвият мебахшад. Панҷ давлат ва беш аз 200 намояндгони кишварҳои узв дар ин машқи низомӣ ширкат хоҳанд кард. Ғайр аз ин, аз 17 то 21 июл қўшунҳои ИМА ва Тоҷикистон машқҳои муштараки майдониро дар наздикии Фахробод баргузор хоҳанд кард.

Бо мақсади беҳтаргардонии мутобиқати функсионалӣ дар минтақа, ҲМ-17 форумро барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ тариқи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубодилаи иттилоот, ба хотири таҳкими ҳамоҳангӣ ва муколама дар минтақа пешкаш менамояд.

Дар машқҳои мазкур, ки дар чорчубаи Ҳамкориҳои Минтақавии соли ҷорӣ гузаронида мешаванд, таваҷҷўҳи умда ба амалиёт ҷиҳати нигаҳдории субот, амнияти сарҳад, назорати сарҳадӣ, мубориза зидди терроризм, паҳншавии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа зоҳир мегардад. Аз соли 2001сар карда, дар чорчўбаи Ҳамкориҳои Минтақавӣ ҳамасола як қатор машқҳои низомӣ баргузор гардидаанд ва машқи охирин дар иёлати Массачусетс аз 16 то 28 сентябри соли 2016 гузаронида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...