Дилшод Назаров – беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё!

Гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро   Дилшод Назаров Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз намуди варзиши сабук дониста шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Ҷоиза ба варзишгари тоҷик 4 июл дар шаҳри Одишаи Ҳиндустон тақдим гардид. Дар Сипосномаи ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки […]

АМИТ «Ховар»

Гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро   Дилшод Назаров Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз намуди варзиши сабук дониста шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Ҷоиза ба варзишгари тоҷик 4 июл дар шаҳри Одишаи Ҳиндустон тақдим гардид.

Дар Сипосномаи ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Даҳлан Ал Ҳамад, ки ба Дилшод Назаров фиристода шудааст,  гуфта мешавад:

«Барои ман ифтихори бузург аст, ки аз номи Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё ва ҳамаи аъзои осиёии он Шуморо ба муносибати Беҳтарин варзишгари сол дар қитъаи Осиё аз рӯи намуди варзиши сабук шуданатон муборакбод мегӯям».

Гуфта мешавад, ноиби президенти Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё зикр намудааст, ки ин Ҷоиза шаҳодати меҳнати зиёд ва фидокории Дилшод Назаров аст ва изҳори умедворӣ кардааст, ки  агар Дилшод Назаров ин равишро идома диҳад, ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил гардида, барои кишвар ва қитъаи Осиё ифтихори бештар хоҳад овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.