Ҳукумат ва шарикони рушд таъмини ғизои кӯдаконро дар Тоҷикистон беҳтар мекунанд

Азия-Плюс

Анҷумани миллии дуввум оид ба ғизо таҳти унвони «1000 рӯзи тиллоии аввали ҳаёт – асоси рушди миллат» имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ идома дод.

Дар ҷараёни ин ҳамоиши дурӯза масоили коҳиши суитағзия (камғизоӣ) дар байни кӯдакони Тоҷикистон тавассути равиши бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла, бахшҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, бехатарии озуқаворӣ, маориф, рушди иқтисод ва обу беҳдошт баррасӣ мешаванд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саида Умарзода зимни суханронӣ аз пешрафти Тоҷикистон дар беҳтарсозии саломатии мардум ёдовар шуд. Ӯ аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал овард, ки барои ҳалли мушкилоти ғизо дар ҳамдастӣ саҳмгузор бошанд, то ягон кӯдак аз суитағзия азият накашад.

Бино ба натоиҷи Пажӯҳиши миллӣ оид ба ғизо дар Тоҷикистон, ки соли 2016 гузаронида шудааст, суитағзияи музмин (давомдор) ва ё қадпастӣ ба 21%-и кӯдакони синни аз 6 то 59-моҳа таъсир гузоштааст. Ҳамзамон занону кӯдакони зиёд аз норасоии микроэлементҳои ғизоӣ азият мекашанд, ки ин боиси камхунӣ ва норасоии йод дар бадан мешавад.

Роҳандозии Қарордоди натиҷаҳои муштарак оид ба ғизо зимни амалисозии ташаббусҳо дар доираи ҳаракати глобалии Густариши чорабиниҳои ғизоӣ (Scaling Up Nutrition) барои Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими Анҷуман мебошад. Ин санад барои татбиқи ғояи Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дар он ягон кӯдак аз суитағзия азият намекашад, нақшҳои ҳар яке аз шариконро муайян мекунад.

Иҷрокунандаи вазифаи Сафири ИМА дар Тоҷикистон Кэтрин Кроуфорд аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти таҳияи Қарордоди натиҷаҳои муштарак оид ба ғизо ситоиш карда, зарурати амалисозии онро таъкид дошт.

Дар ҷамъбасти Анҷуман пазируфтани як Қатънома аз ҷониби иштирокдорон пешбинӣ шудааст, ки дар он зарурати фаъолияти фарогир дар самти қабули қарорҳо ва иқдомоти идоракунӣ барои ҳалли мушкилоти вобаста ба ғизо таъкид мешавад. Аз ҷумлаи чунин амалҳои муҳим қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии бо витамину минералҳо ғанигардонидашуда» ва татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи йоднокгардонии намак», инчунин оғози як барномаи фарогир ва инноватсионии бисёрсоҳа бо тамаркуз ба 1000 рӯзи аввали ҳаёт (аз оғози ҳомилагӣ то дусолагии кӯдак) ҷиҳати пешгирии суитағзия дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ғизодиҳии дуруст дар ин давраи 1000-рӯза, ки онро «равзанаи имконот» меноманд, барои инкишофёбии кӯдак, таҳсили муваффақона ва пешравии ӯ дар ҳаёт аҳамияти зиёд дошта, дар маҷмӯъ ба саломатии аҳолӣ ва рушди Тоҷикистон таъсири бардавом мерасонад.

Сарвари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) Афшан Хан чунин гуфт: «Имконоти аздастрафтаи инкишофи комил аз сабаби ғизогирии нокифояи модару кӯдак дар 1000 рӯзи аввали ҳаёт нобаробарӣ ва нокомиро аз насл ба насл гузаронида, абадӣ мегардонад. Ин имконоти аздастрафта боиси талафоти назаррас барои ҳамаи мо хоҳад шуд. Пайомадҳои он: қобилияти сусти азхудкунии дониш ва дар натиҷа маоши кам, сатҳи баланди бекорӣ, инчунин вобастагии зиёд ба кӯмакҳои давлатӣ, ки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро коҳиш медиҳад. Ҷаҳоне, ки мо дар он ваъдаҳои худро иҷро мекунем, ҷаҳонест, ки дар он миллионҳо кӯдак барои амалисозии ваъдаҳои худ талош меварзанд ва ин ба манфиати ҳамаи мо хоҳад буд».

Дар ин Анҷуман наздик ба 150 нафар аз вазорату идораҳои гуногуни Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва муассисаҳои тандурустӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ВАО иштирок доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...