Боздошти як тоҷик барои ғоратгарӣ баъди сӯхтор дар маркази савдои «Рио»

Баъди сӯхтор дар маркази савдои «Рио»-и шаҳри Маскав дуздон ба он ворид шуда, дӯконҳои «Связной» ва дигар шуъбаҳоро ғорат кардаанд. Бино ба маълумоти шабакаи телевизиони «360», як шаҳрванди Тоҷикистон низ ба гумони даст доштан дар ин амал боздошт шудааст. Ӯ дар ин ҷо ба сифати фаррош кор карда, ният доштааст, ки ороишоти тиллои дар як […]

Asia-Plus

Баъди сӯхтор дар маркази савдои «Рио»-и шаҳри Маскав дуздон ба он ворид шуда, дӯконҳои «Связной» ва дигар шуъбаҳоро ғорат кардаанд.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизиони «360», як шаҳрванди Тоҷикистон низ ба гумони даст доштан дар ин амал боздошт шудааст. Ӯ дар ин ҷо ба сифати фаррош кор карда, ният доштааст, ки ороишоти тиллои дар як баста пинҳоншударо ба берун барорад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 10 июл дар маркази савдои «Рио»-и шаҳри Маскав сӯхтор сар зада, дар натиҷа ҳудуди 3 ҳазор нафар ба макони бехавф кӯчонида шуда буданд. Бар асари сӯхтор 18 нафар осеб дида, вазъи 4 нафари онҳо вазнин аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.