Парвандаи таркишҳо дар Қӯрғонтеппа ба суд ирсол шуд

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели ду таркиш, ки соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа рух дода буданд, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода хабар дод, тафтиши парвандаи таркишҳои санаи 30 январ ва 12 марти соли ҷорӣ анҷом ёфта, ба суд фиристода шудааст.

«Дар содир намудани ин ҷиноятҳо 5 нафар – Шарифҷони Зокир, Раҷабҷони Зокир, Равшан Файзиев, Рустам Амирхоҷаев ва Саъдӣ Саидов гумонбар дониста мешаванд, – гуфт прокурор. – Онҳо мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 195 (Муносибати ғайриқонунӣ бо аслиҳа ва дастгоҳи тарканда)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор карда мешаванд».

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи фаъолияти муштарак муяссар шуд, ки дар фурсати кӯтоҳ ин ҷиноятҳоро ошкор ва гумонбарони содир кардани онҳоро боздошт кунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа як мард дар ҷойи кораш қурбони таркиш шуд. Таркиш дар паҳлӯи бинои прокуратураи ҳарбӣ ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон соати 21:30 дақиқаи рӯзи якшанбе, 12 март рух дод.

Ҳамчунин қаблан рӯзи 30 январ дар як деҳаи наздики маркази маъмурии вилояти Хатлон, бештар маъруф ба маҳаллаи Ломоносов низ субҳгоҳон дар автомашинаи «Хундай», мутаалиқ ба корманди ширкати мобилии «Билайн» таркиш рух дода, касе осеб надида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...