Иҷозаи истихроҷи тилло ба ҳамаи хоҳишмандон

Ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар Тоҷикистон барои аҳолиро ояндаи наздик қонунӣ карданианд. Ҳамаи хоҳишмандон мустақилона метавонанд ба ҷустуҷӯ ва дарёфти тилло машғул шаванд. Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо чунин пешниҳод ба ҳукумат муроҷиат кардааст. «Вазорати молия дар бораи озодона машғул шудан ба истихроҷи тилло ҳуҷҷат омода карда, айни замон он мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад», – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар Тоҷикистон барои аҳолиро ояндаи наздик қонунӣ карданианд. Ҳамаи хоҳишмандон мустақилона метавонанд ба ҷустуҷӯ ва дарёфти тилло машғул шаванд. Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо чунин пешниҳод ба ҳукумат муроҷиат кардааст.

«Вазорати молия дар бораи озодона машғул шудан ба истихроҷи тилло ҳуҷҷат омода карда, айни замон он мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» муовини сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат Раҳмонбек Бахтдавлатов.

Ӯ қайд кард, ки баъди мувофиқаи ҳуҷчат бо вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин маъқул шуморидани он аз ҷониби ҳукумат, ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки мустақилона дар асоси қонунӣ ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло машғул шаванд.

Агар чунин қарор қабул шавад, шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд ва барои он иҷозати Вазорати молияро гирифтан зарур аст.

Барои истихроҷи тилло дар қаламравҳои муайян иҷозат дода мешавад. Ин қаламравҳо набояд ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошанд ва дар онҳо эҳтимоли мавҷудияти ин металл бояд зиёд бошад. Масалан, водиҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Язғулом, Ванҷ, Бартанг ва ғайра.

Тиллои дарёфтшударо шахс метавонад озодона ба сохторҳои давлатии молиявӣ фурӯшад. Нархи харидории тилло аз аҳолиро Вазорати молия муқаррар мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.