Сабти хурӯҷи бемории домана дар ҷануби кишвар

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хуруҷи домана дар ноҳияи Бохтарро ба ҳоҷатхонаҳои лаби дарё рабт дод. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Олимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар пайи сабти ҳолатҳо оид ба хуруҷи домана, як гурӯҳи фаврӣ таъсис дода шуда, ба ноҳияи Бохтар равона гардид. “Муайян шуд, ки воқеан […]

Хабаргузории «Озодагон»

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хуруҷи домана дар ноҳияи Бохтарро ба ҳоҷатхонаҳои лаби дарё рабт дод.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Олимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар пайи сабти ҳолатҳо оид ба хуруҷи домана, як гурӯҳи фаврӣ таъсис дода шуда, ба ноҳияи Бохтар равона гардид.

“Муайян шуд, ки воқеан 5 нафар мубталои домана шудаанд. Сабаби пайдоиши беморӣ ин аст, ки дар ноҳия дар як шохаи дарёи Вахш ҳоҷатхонаҳо сохта шудааст. Мо ба раиси вилоят ва ноҳия мактуби расмӣ дар бораи бартараф кардани ҳоҷатхонаҳо ирсол кардем”, – иброз доштааст вазир.

Вазири тандурустӣ таъкид кард, ки ин беморӣ дар ноҳия пас аз як ҳафта пурра нобуд карда шуд: “Ҳамаи минтақаҳо аз ҳисоби хлор безарар гардонида шудаанд. Ҳодисаи дубора бақайдгирии домана сабт нашудааст ва то ҳол комиссияи доимамалкунандаи ҳам ҷумҳуривӣ ва ҳам вилоятӣ фаъол мебошад”.

Гузоришҳо дар мавриди хуруҷи домана дар ҷануби Тоҷикистон охири моҳи июн ва аввали моҳи равон нашр гардида, таъкид шуда буд, ки гармии шадид метавонад паҳншавии доманаро шиддат бахшад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.