Президент қонуни манъи шаҳрвандии дигар кишвар ба мансабдоронро ба имзо расонид

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими фаъолияти ин мақомот ва мутобиқ намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, баланд бардоштани масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони ва аъзои Ҳукумати кишвар равона карда шудаанд.

Муқаррар шудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб ё таъин шуда метавонанд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд. Дар навбати худ ба даст овардани шаҳрвандии давлати дигар асос барои қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат мегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба табиат зимни фаъолияти хоҷагидорӣ қабул гардида, тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатиро дар ин соҳа муайян мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сайёҳии дохилиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароит ба рушди соҳа нигаронида шудааст.

Дар Қонун низоми сайёҳии дохилӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии давлатии рушди соҳа, тартиби ташкили хизматрасонӣ дар соҳаи туризми дохилӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонӣ ва сайёҳон, ҳамкориҳои байналмилалии соҳа ва дигар паҳлуҳои он танзим гардидааст.

Қонунҳои ба имзорасида ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.