Абдуфаттоҳ Ғоиб: кормандони боздоштшудаи Агентии зиддифасод кадрҳои ман нестанд

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ба гунае робита доштанаш бо собиқ 10 нафар кормандони Агентии зиддифасодро, ки дар ришвахорӣ муттаҳам дониста шуда, ба наздикӣ ба маҳкама кашида мешаванд, қотеъона рад кард. Ёдрас мекунем, ки Абдуфаттоҳ Ғоиб муддати 6 сол ба ҳайси роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон кор […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ба гунае робита доштанаш бо собиқ 10 нафар кормандони Агентии зиддифасодро, ки дар ришвахорӣ муттаҳам дониста шуда, ба наздикӣ ба маҳкама кашида мешаванд, қотеъона рад кард.

Ёдрас мекунем, ки Абдуфаттоҳ Ғоиб муддати 6 сол ба ҳайси роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон кор кардааст.

“Ман он ҷо 6 сол кор кардам. Шахсоне, ки ба содир кардани ҷиноятҳо айбдор карда мешаванд, пеш аз ман дар он ҷо кор мекарданд. Масалан, Фирӯз Холмуродзода дар мансаби сардори шуъба кор карда, Фахриддин Бозоров сармуфаттиш буд. Якчанд сол ҳамроҳ кор кардани ман ба онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки онҳо кадрҳои ман мебошанд. Шояд маро баъди чанд сол ба мақомоти дигар мефиристанд ва дар ин ҷо низ агар касе ҷиноят содир кунад, магар ман гунаҳкорам?”, – иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ду корманди Хадамоти гумрук – Фахриддин Бозоров ва Фаридун Беназирзода низ ҳангоми кор дар Агентии зиддифасод барои содир намудани ҷинятҳои коррупсионӣ боздошт шудаанд.

Абдуфаттоҳ Ғоиб ҳамчунин овозаҳо дар бораи гӯё дар замони боздошти кормандони Агентии зиддифасод мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанашро дурӯғу беасос хонд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.