Эмомалӣ Раҳмон ҳолати омодабоши ҷангии гарнизони Хоруғро месанҷад

Аз 17 то 20 июли соли 2017 дар ҳудуди ВМКБ бо ҷалби сохтору мақомоти қудратии гарнизони «Хоруғ» ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо тирпарронии ҷангӣ ҷараён мегиранд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, машқҳои мазкур бо супоришиПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи муштараки […]

АМИТ «Ховар»

Аз 17 то 20 июли соли 2017 дар ҳудуди ВМКБ бо ҷалби сохтору мақомоти қудратии гарнизони «Хоруғ» ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо тирпарронии ҷангӣ ҷараён мегиранд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, машқҳои мазкур бо супоришиПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ барои соли 2017 баргузор ва дар ҷараёни баргузории машқҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар гарнизони «Хоруғ» ва ҳар як ноҳияи ВМКБ ситоди муштараки идоракунии қӯшунҳо ташкил гардида, захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариятҳои ҳарбибуда, техникаҳои хоҷагии қишлоқ ва дигар лавозимоти барои баргузории ин машқҳои муҳими низомӣ зарурӣ истифода бурда мешаванд.

Дар ҷараёни баргузории ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, сардорони шуъбаҳои сохторҳои қудратии ин минтақа ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороию қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпарронӣ аз силоҳу муҳимоти сабуки ҷангӣ ҷалб карда мешаванд.

Зимни  ҷамъбаст дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва машқгоҳи ҳарбии «Тем»-и Хоруғ бо истифода аз 100 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерия ва автомошинаҳо, чархболу ҳавопаймоҳои ҳарбиву нақлиётӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҷангӣ, машқҳои муштараки баталйонӣ-техникӣ доир карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.