Дар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон Чин пешсаф аст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тӯли се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 76,6 млн. долларро ташкил дод, ки 58,2% аз ҳаҷми умумии сармоягзории мустақими хориҷӣ аст. Натиҷаҳои семоҳаи дуюми сол алҳол ҷамъбаст нашудааст.

Раиси Кумитаи давлатии саармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар ин робита изҳор намуд, ки давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар 131,5 млн. сармоягузорӣ шуда, дар ин давра 339 корхона бар асоси сармояи хориҷӣ фаъолият кардаанд.

Ба қавли номбурда, дар ин самт зинаи дуюмро Русия ишғол намуда, ҳаҷми сармоягузории он ба 20,6 млн. доллар (15,7%) баробар шудааст. Зикр шуд, ки Русия шарики асосии стратегӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, “ояндаи наздик вазъи корҳо дар ин самт хубтар хоҳад шуд”.

Ба панҷгонаи пешсафон аз рӯи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ин давра Нидерланд – 10 млн. (7,6%), Арабистони Саудӣ – 6,9 млн. (5,2%) ва Филиппин – 3,5 млн. доллар (2,7%) низ дохил шудаанд. Дар идома Британияи Кабир, ИМА, Белгия, АМА, Швейтсария ва Фаронса ҷойгир шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...