Хатсайри ҳавоии Душанбе – Тошканд: мунтазам мешавад ё…

Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо бо хатсайри Тошканд – Душанбе то ҳол бидуни имзои созишномаи дахлдор дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо амалӣ мешавад. “Мо созишномаро бо ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда, акнун сана ва ҷойи баимзорасии он муайян карда мешавад”, – хабар дод вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти хабарӣ. Ҳарчанд созишнома то ҳанӯз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Парвози мунтазами ҳавопаймоҳо бо хатсайри Тошканд – Душанбе то ҳол бидуни имзои созишномаи дахлдор дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо амалӣ мешавад.

“Мо созишномаро бо ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда, акнун сана ва ҷойи баимзорасии он муайян карда мешавад”, – хабар дод вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти хабарӣ.

Ҳарчанд созишнома то ҳанӯз ба тасвиб нарасида бошад ҳам, ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон – “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” аллакай шумори парвозҳо аз Тошканд ба Душанберо кам кардааст.

Ёдрас мекунем, ки парвози нахустин тариқи ин хатсайр санаи 11 апрели соли равон сурат гирифта, ширкати ӯзбекистонӣ ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ин парвозҳоро анҷом медод, вале акнун танҳо рӯзи сешанбе парвоз ба иҷро мерасад.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ сабаби камшавии шумори парвозҳо тавассути ин хатсайрро кам будани мусофирон унвон кард ва қаблан дар худи ширкати ҳавопаймоӣ низ ҳамин сабабро зикр карда буданд.

Зимнан зикр гардид, ки парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистонро бояд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба анҷом мерасонид, вале ҳоло ин парвозҳо оғоз нагардидааст.

“Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо омодагӣ гирифта, ба корҳои сабти намояндагии худ дар Тошканд машғул аст ва агар талаботи кофии мусофирон пайдо шавад, шояд ширкат ба анҷоми парвозҳо оғоз намояд”, – гуфт вазир.

Қобили зикр аст, ки арзиши билет ба самти Тошканд 140 долларро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.