Рӯзноманигорон инъикоси дурусти масоили беҳдошти ғизоро фаро гирифтанд

Азия-Плюс

Журналистони Тоҷикистон донишу малакаи худро дар ҷараёни давраи омӯзишию амалии серӯза таҳти унвони «Инъикоси масоили ғизо дар воситаҳои ахбори омма» такмил доданд.

Иштирок дар ин чорабинӣ, ки рӯзҳои 27-29 июл дар толори осоишгоҳи «Сароб» (Хоҷа Оби Гарм) баргузор шуд, барои таҳияи минбаъдаи матолиби касбӣ оид ба ташаббусҳои амалишаванда дар доираи ҳаракати глобалии Густариши чорабиниҳои ғизоӣ (Scaling Up Nutrition), аҳамияти ғизои хушсифат дар тӯли 1000 рӯзи аввали ҳаёт, инчунин ғанигардонии орд бо микронутриентҳои зарурӣ баҳри беҳтар кардани саломатии мардуми Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар ин давраи омӯзишию амалӣ, ки бо дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) аз ҷониби Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI», Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо (GAIN) гузаронида шуд, 21 нафар журналистони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, нашрияву маҷаллаҳо ва хабаргузориҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат варзиданд.

Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Пажӯҳиши соли 2016 муайян кардааст, ки 22 дарсади занони синни репродуктивӣ ва 26 дарсади кӯдакони то панҷсола аз камхунии сабабаш норасоии оҳан азият мекашанд. Ҳолати мазкур ва дигар намудҳои норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, аз ҷумла, нуқсонҳои модарзодие, ки аз норасоии туршии фолат пайдо мешаванд, пайомадҳои дарозмуддат барои солимии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар доранд.

Дар ҷараёни ин давраи омӯзишию амалӣ Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов ва Гулбаҳор Ашурзода, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев ва Пирназар Шодмонов, инчунин коршиносони миллӣ ва байнулмилалӣ дар бахши ғизо суханронӣ карданд.

Бо мусоидати лоиҳаи USAID «Кӯмаки техникӣ барои коҳиши норасоии микронутриентҳо дар Тоҷикистон», рӯзноманигорон донишу малакаи худро дар самти таҳияи матолиби телевизионӣ, радиоӣ, чопӣ ва онлайнии чандрасонаӣ оид ба аҳамияти ғизои хушсифат барои сиҳатии мардум ва рушди иқтисодӣ такмил доданд.

Дар давоми 25 соли охир Сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 1.8 миллиард доллари ИМА-ро барои барномаҳои мухталиф оид ба таҳкими амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон равона кардааст. Дар давоми соли 2017 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...