«Тоҷик Эйр»: таъхири 348 парвоз ва ҳамагӣ 5 ҳавопаймои коршоям

Давоми шаш моҳи соли равон ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба 159 ҳазору 400 нафар мусофирон хизматгузорӣ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 700 нафар зиёд аст. Дар иттилоияи интишоршудаи ширкат қайд мешавад, ки дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ низ ба миқдори 44,9 тонна афзудааст. Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии бору маҳсулоти давоми […]

Asia-Plus

Давоми шаш моҳи соли равон ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба 159 ҳазору 400 нафар мусофирон хизматгузорӣ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 700 нафар зиёд аст.

Дар иттилоияи интишоршудаи ширкат қайд мешавад, ки дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ низ ба миқдори 44,9 тонна афзудааст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии бору маҳсулоти давоми ним сол кашонидашуда қариб 460,6 тоннаро ташкил додааст. Дар ин давра ширкат 198 тобути шаҳрвандон ва беш аз 100 нафар шаҳрвандони ихроҷшудаи Тоҷикистонро аз Русия ба ватан интиқол додаааст.

Зикр мегардад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ширкат 59 ариза ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл шудаанд.

Дар ин давра “Тоҷик Эйр” 1090 парвоз анҷом додааст, ки 348-тои онҳо (31,3%) асосан бинобар сабаби номусоидии обуҳаво бо дермонӣ сурат гирифтаанд.

Қайд мешавад, ки ҳоло ширкат 35 адад ҳавопаймо ва чархболҳо дорад, ки 5-тои онҳо дар ҳолати коршоямӣ, 1 адад дар хизматрасонии техникӣ ва 29 адад дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.