Медведев: умедҳои беҳбуди муносибатҳо бо маъмурияти Трамп ба поён расиданд

Date:

Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев гуфтааст, баъди эълони таҳримҳои нави ИМА умедҳои Кремл барои беҳбуди муносибатҳо бо маъмурияти кунунии Амрико ба поён расиданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор намудааст, ки зидди Русия ҷанги тиҷории комил эълом шуда, ин таҳримҳо даҳсолаҳо идома хоҳанд кард, зеро "хусусияти фарогир" дошта, президенти ИМА наметавонад, онҳоро бе розигии Конгресс лағв кунад.

Гуфта мешавад, ба назари Медведев, муносибатҳои Вашингтону Москва новобаста аз ҳайати Конгресс ва шахсияти президенти ИМА бадтар хоҳанд шуд. Раиси ҳукумати Русия афзуд, ки талошҳои кишвараш барои рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ идома хоҳанд ёфт. "Мо аз уҳдааш мебароем", – афзуд ӯ.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков пештар гуфт, ки эъломи таҳримҳои нави ИМА "дар асл чизеро тағйир намедиҳанд". Ӯ дар мавриди он ки Кремл зидди Амрико чораҳои ҷавобие хоҳад андешид ё не, афзуд, ки "ин гуна чораҳо аллакай андешида шудаанд".

Президенти ИМА Доналд Трамп 2 август бо имзои қонуне зидди Русия таҳримҳои нав эълом кард. Ин лоиҳаи қонунро пештар Сенати Амрико ба тасвиб расонда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...