Медведев: умедҳои беҳбуди муносибатҳо бо маъмурияти Трамп ба поён расиданд

Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев гуфтааст, баъди эълони таҳримҳои нави ИМА умедҳои Кремл барои беҳбуди муносибатҳо бо маъмурияти кунунии Амрико ба поён расиданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор намудааст, ки зидди Русия ҷанги тиҷории комил эълом шуда, ин таҳримҳо даҳсолаҳо идома хоҳанд кард, зеро "хусусияти фарогир" дошта, президенти ИМА наметавонад, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев гуфтааст, баъди эълони таҳримҳои нави ИМА умедҳои Кремл барои беҳбуди муносибатҳо бо маъмурияти кунунии Амрико ба поён расиданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ изҳор намудааст, ки зидди Русия ҷанги тиҷории комил эълом шуда, ин таҳримҳо даҳсолаҳо идома хоҳанд кард, зеро "хусусияти фарогир" дошта, президенти ИМА наметавонад, онҳоро бе розигии Конгресс лағв кунад.

Гуфта мешавад, ба назари Медведев, муносибатҳои Вашингтону Москва новобаста аз ҳайати Конгресс ва шахсияти президенти ИМА бадтар хоҳанд шуд. Раиси ҳукумати Русия афзуд, ки талошҳои кишвараш барои рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ идома хоҳанд ёфт. "Мо аз уҳдааш мебароем", – афзуд ӯ.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков пештар гуфт, ки эъломи таҳримҳои нави ИМА "дар асл чизеро тағйир намедиҳанд". Ӯ дар мавриди он ки Кремл зидди Амрико чораҳои ҷавобие хоҳад андешид ё не, афзуд, ки "ин гуна чораҳо аллакай андешида шудаанд".

Президенти ИМА Доналд Трамп 2 август бо имзои қонуне зидди Русия таҳримҳои нав эълом кард. Ин лоиҳаи қонунро пештар Сенати Амрико ба тасвиб расонда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.