Доналд Трамп ислоҳоти муҳоҷиратро муаррифӣ кард

Asia-Plus

Лоиҳаи қонун ба коҳиши шумори муҳоҷирони қонунӣ аз 1 млн. то ба 500 ҳазор нафар нигаронида шудааст.

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамроҳи ду сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон лоиҳаи қонунеро, ки ба коҳиши шумори муҳоҷирати қонунӣ равона гардидааст, муаррифӣ кард. Дар ин бора «Голос Америки» хабар медиҳад.

«Ин санади қонунгузорӣ ғамхории мо нисбати оилаҳои муборизакунандаи амрикоиро нишон медиҳад, – гуфт Трамп. – Дар он эҳтиёҷоти онҳо ба ҷойи аввал ва Америка ба ҷойи аввал гузошта мешавад».

Гуфта мешавад, дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчунин маҳдуд кардани роҳёбии хешовандони муҳоҷирон ба кишвар, бекор кардани лотереяи ба даст овардани раводид ва мушкил шудани ҷараёни гирифтани «грин-корт», ки ба иқомату кор дар ИМА имкон медиҳад, низ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.