Доналд Трамп ислоҳоти муҳоҷиратро муаррифӣ кард

Лоиҳаи қонун ба коҳиши шумори муҳоҷирони қонунӣ аз 1 млн. то ба 500 ҳазор нафар нигаронида шудааст. Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамроҳи ду сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон лоиҳаи қонунеро, ки ба коҳиши шумори муҳоҷирати қонунӣ равона гардидааст, муаррифӣ кард. Дар ин бора «Голос Америки» хабар медиҳад. «Ин санади қонунгузорӣ ғамхории мо нисбати оилаҳои муборизакунандаи амрикоиро […]

Asia-Plus

Лоиҳаи қонун ба коҳиши шумори муҳоҷирони қонунӣ аз 1 млн. то ба 500 ҳазор нафар нигаронида шудааст.

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамроҳи ду сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон лоиҳаи қонунеро, ки ба коҳиши шумори муҳоҷирати қонунӣ равона гардидааст, муаррифӣ кард. Дар ин бора «Голос Америки» хабар медиҳад.

«Ин санади қонунгузорӣ ғамхории мо нисбати оилаҳои муборизакунандаи амрикоиро нишон медиҳад, – гуфт Трамп. – Дар он эҳтиёҷоти онҳо ба ҷойи аввал ва Америка ба ҷойи аввал гузошта мешавад».

Гуфта мешавад, дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчунин маҳдуд кардани роҳёбии хешовандони муҳоҷирон ба кишвар, бекор кардани лотереяи ба даст овардани раводид ва мушкил шудани ҷараёни гирифтани «грин-корт», ки ба иқомату кор дар ИМА имкон медиҳад, низ пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.