Вақте омӯзгор кишоварзӣ мекунаду технолог ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон машғул аст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нишасти хабарии имрӯзаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаи таъини кадрҳо эрод гирифта шуд.

Ба гуфтаи директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов, то ҳол дар фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавридҳои марбут ба таъини кадрҳо қонуншиканиҳои маъмурӣ ба назар мерасанд.

Барои асосноккунии гуфтаҳои худ ӯ ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-ро мисол овард, ки аз рӯи натиҷаҳои мониторинги доиргардида дар он ҷо кормандони сари мансаб қарордошта ба вазифаҳои ишғол кардаи худ мутобиқат намекунанд.

«Масалан, бидуни мувофиқа бо мақомоти дахлдор шахсе, ки маълумоти олии нопурраи омӯзгорӣ дорад, мудири шуъбаи кишоварзӣ таъин шуда, муҳандиси бинокор шуъбаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва технолог комиссияи ҳимояи ҳуқуқи кӯдаконро роҳбарӣ мекард, – иброз дошт Давлатов. – Ғайр аз ин, якчанд мансабҳои муҳим дар ноҳияро шахсони дорои маълумоти миёнаи касбӣ ишғол мекарданд ва роҳбарони як қатор ҷамоатҳо маълумоти олӣ надоштанд».

Номбурда зикр кард, ки дар ноҳияи Айнӣ шахсонро бидуни эълони озмун ба мансабҳо таъин карда, дар чанде аз шаҳру навоҳӣ ҳолатҳое ҷой доранд, ки раисон шахсонро бо пешванди «и.в.» бидуни аттестатсия ва тавсияи Агентии хизмати давлатӣ ба вазифаҳо таъин мекардаанд, ки аксаран мутахассисони дигар соҳаҳо мебошанд.

Зимнан зикр гардид, ки ба санаи 1 июли соли 2017 музди меҳнати миёнаи хизматчии давлатӣ 1008 сомонӣ 56 дирамро ташкил медиҳад. Соли 2000 ин нишондиҳанда ба 23 сомониву 86 дирам, соли 20005 – 143,3 сомонӣ, соли 2010 – 599,6 сомонӣ ва соли 2015 – 925,3 сомонӣ баробар буд. Музди меҳнати миёнаи роҳбарон – 1 479 сомонӣ ва мутахассисон – 882,8 сомониро ташкил додааст.

«Барои қонеъ намудани талабот ба  кадрҳо Агентӣ бо созмонҳои байнулмилалие чун Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русия, Академияи идоракунии назди президенти Беларус, Агентии Қазоқистон оид ба умури хизмати давлатӣ, Маркази ҳамкории байнулмилалии Япония (JICA) – Барномаи JDS ва Фонди Ханнс Зайдел ҳамкорӣ дошта, дар омодакунии кадрҳо Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти ҶТ низ нақши муҳим дорад», – афзуд роҳбари Агентӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.