Вақте омӯзгор кишоварзӣ мекунаду технолог ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон машғул аст

Дар нишасти хабарии имрӯзаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаи таъини кадрҳо эрод гирифта шуд. Ба гуфтаи директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов, то ҳол дар фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавридҳои марбут ба таъини кадрҳо қонуншиканиҳои маъмурӣ ба назар мерасанд. Барои асосноккунии гуфтаҳои худ ӯ ноҳияи Лахш […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нишасти хабарии имрӯзаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаи таъини кадрҳо эрод гирифта шуд.

Ба гуфтаи директори Агентӣ Ҷумъа Давлатов, то ҳол дар фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавридҳои марбут ба таъини кадрҳо қонуншиканиҳои маъмурӣ ба назар мерасанд.

Барои асосноккунии гуфтаҳои худ ӯ ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-ро мисол овард, ки аз рӯи натиҷаҳои мониторинги доиргардида дар он ҷо кормандони сари мансаб қарордошта ба вазифаҳои ишғол кардаи худ мутобиқат намекунанд.

«Масалан, бидуни мувофиқа бо мақомоти дахлдор шахсе, ки маълумоти олии нопурраи омӯзгорӣ дорад, мудири шуъбаи кишоварзӣ таъин шуда, муҳандиси бинокор шуъбаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва технолог комиссияи ҳимояи ҳуқуқи кӯдаконро роҳбарӣ мекард, – иброз дошт Давлатов. – Ғайр аз ин, якчанд мансабҳои муҳим дар ноҳияро шахсони дорои маълумоти миёнаи касбӣ ишғол мекарданд ва роҳбарони як қатор ҷамоатҳо маълумоти олӣ надоштанд».

Номбурда зикр кард, ки дар ноҳияи Айнӣ шахсонро бидуни эълони озмун ба мансабҳо таъин карда, дар чанде аз шаҳру навоҳӣ ҳолатҳое ҷой доранд, ки раисон шахсонро бо пешванди «и.в.» бидуни аттестатсия ва тавсияи Агентии хизмати давлатӣ ба вазифаҳо таъин мекардаанд, ки аксаран мутахассисони дигар соҳаҳо мебошанд.

Зимнан зикр гардид, ки ба санаи 1 июли соли 2017 музди меҳнати миёнаи хизматчии давлатӣ 1008 сомонӣ 56 дирамро ташкил медиҳад. Соли 2000 ин нишондиҳанда ба 23 сомониву 86 дирам, соли 20005 – 143,3 сомонӣ, соли 2010 – 599,6 сомонӣ ва соли 2015 – 925,3 сомонӣ баробар буд. Музди меҳнати миёнаи роҳбарон – 1 479 сомонӣ ва мутахассисон – 882,8 сомониро ташкил додааст.

«Барои қонеъ намудани талабот ба  кадрҳо Агентӣ бо созмонҳои байнулмилалие чун Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русия, Академияи идоракунии назди президенти Беларус, Агентии Қазоқистон оид ба умури хизмати давлатӣ, Маркази ҳамкории байнулмилалии Япония (JICA) – Барномаи JDS ва Фонди Ханнс Зайдел ҳамкорӣ дошта, дар омодакунии кадрҳо Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти ҶТ низ нақши муҳим дорад», – афзуд роҳбари Агентӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.