Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон алҳол маълум нест

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Санаи ҷашни Иди Қурбон дар Тоҷикистон алҳол маълум набуда, Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин хусус рӯзи 24 август хабар хоҳад дод.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, «мо алҳол санаи дақиқи Иди Қурбонро гуфта наметавонем, зеро мувофиқи аҳкоми шариат аввал мебояд тулӯи моҳи навро муайян карду онро дид ва сипас дар бораи рӯзи саҳеҳ сухан гуфт».

Дар робита ба масъалаи дар дигар кишварҳо аллакай муайян шудани санаи ҷашни Иди Қурбон ӯ қайд кард, ки онҳо аз дигар методика истифода бурда, айнан (бо чашмони худ) баромадани моҳи навро намебинанд ва инро пешакӣ ба онҳо астрофизикҳо хабар медиҳанд. Абдуқодирзода зикр кард, ки ин метод тибқи шариат «ҳаром» аст.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ,чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон ҷашни Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Дар ин рӯз кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, ҳадяи идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Қурбон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, имсол раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба забҳи чорво дар ҷойҳои махсуси қаламрави пойтахт дар арафаи Иди Қурбон иҷозат дод. Замони раҳбарии раиси пешини пойтахт фурӯши чорво дар қаламрави шаҳр қатъиян манъ гардида буд. Ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати ташкили ҷойҳои муваққатии забҳи чорво дар қаламрави шаҳр дастур дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...