Сафари навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон раҳсипор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Эмомалӣ Раҳмонро оҳбарият, фаъолон  ва  сокинони  шарафманду  меҳнатдӯсти  вилоят  бо  самимияти хос ва рӯҳияи […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба вилояти Хатлон раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Эмомалӣ Раҳмонро оҳбарият, фаъолон  ва  сокинони  шарафманду  меҳнатдӯсти  вилоят  бо  самимияти хос ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Бохтар оғоз гардида, дар ин ҷо ӯ нахуст бо фаъолияти аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии «Сомон» шинос шуд. Маълумот дода шуд, ки аз майдони умумии хоҷагӣ 4,7 гектарашро боғ, 2 гектарашро лиму, 30 гектарашро пахта ва 15 гектари дигарашро юнучқа ташкил медиҳад.

Дар ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳия Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок кард. Сипас Президенти мамлакат дар ҷамоати деҳоти “Заргар” дар намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорону барзгарони ин ноҳияи калони аграрии ҷумҳурӣ ширкат варзид.

Дар чаҳорчӯби боздиди корӣ аз ноҳияи Бохтар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Комсомоли ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 1320 ҷойи нишаст дар ду баст ширкат варзида, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати гарму самимӣ орост ва муҳассилинро ба омӯзиши густурдаи илмҳои замонавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят намуд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтар Сарвари Давлат изҳор намуд, ки саҳми ноҳияи Бохтар ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзиву саноатии вилояти Хатлон дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле арзишманд мебошад.

Зикр гардид, ки сохтмон ва таҷдиди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои дохилӣ, хатҳои нерӯи барқ, муассисаҳои таълимиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Донишкадаи энергетикӣ, Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқат, дигар иншооти муосири соҳаи маориф ва марказҳои хизматрасонӣ симои ноҳияро дар муқоиса бо солҳои пеш хеле ободу зебо гардонидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.