Вазорати маориф сарулибоси мактабиро муайян кард

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро нашр кард. Мувофиқи тавсияҳои дастурамал, ба духтарон дар мактаб пӯшидани ҳиҷоб, либоси нимбараҳна, шимҳои шикофу дарида, дар гӯш овехтани беш аз як гӯшвор ва рангу бори беш аз ҳадди сару рӯ манъ мешавад.   Ба писарон ба […]

Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро нашр кард.

Мувофиқи тавсияҳои дастурамал, ба духтарон дар мактаб пӯшидани ҳиҷоб, либоси нимбараҳна, шимҳои шикофу дарида, дар гӯш овехтани беш аз як гӯшвор ва рангу бори беш аз ҳадди сару рӯ манъ мешавад.

 

Ба писарон ба дарс омадан бо мӯйи дарозу ришу нохуни расида ва бо ангуштариву занҷиру дастпона ва гӯшвор манъ шуда, ба пӯшидани шими ҷинсу велвет танҳо дар мавсими сармо иҷозат дода мешавад. 

Ба писарон ҳамчунин пӯшидани сарулибос аз матои синтетикӣ низ тавсия дода нашудааст.

Дастурамал ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва тоқӣ дар дарс нишастанро иҷозат медиҳад.

Дар ин санад ба духтарон пӯшидани либоси нимбараҳна, даридаву шикофтаи мӯдшуда, либос бо навиштаҳои таблиғотӣ ё парчами кишварҳои дигар иҷозат дода нашудааст.

Вазорат ҳамчунин ба толибилмони мактаб тавсия додааст, ки бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои шанбегӣ) ба дарс наоянд.

Дар рӯзҳои иду ҷашн ба толибилмон ҳатман ба бар кардани сарулибоси протоколӣ – барои писарон: шиму костю ми сиёҳ, кабуди торик, куртаи сафед, галстукҳои соз- монҳои хонандагон (синфҳои 5-9), галстуки сиёҳ (синфҳои 10-11) туфлии сиёҳ ё ҷигарӣ тавсия дода шудааст.

Ба духтарон домани сиёҳу ҷигарии аз зону поён, куртаи остиндор ва остинкӯтоҳи сафед, галстук, костюм, шиму костюм, туфлии пасту баланди сиёҳу ҷигарӣ тавсия дода шуда, зикр мегардад, ки духтарон метавонанд либоси аз матои пахтагини якранг бо поҷома, рӯймоли миллӣ (ихтиёрӣ) пӯшанд ва пойафзоли пасту баланд ҳатман сиёҳ ва ё ҷигарӣ бояд бошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.