Коҳиши муомилоти мол бо Чину Русия ва афзоиши он бо Қазоқистон

Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 2 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 % (205 млн. доллар) камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми содироти мол дар ин давра ба 527 млн. доллар баробар шудааст, ки дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 2 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 % (205 млн. доллар) камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми содироти мол дар ин давра ба 527 млн. доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли гузашта ба андозаи 3,9% (20 млн. доллар) зиёдтар мебошад.

Аз хориҷи кишвар ба маблағи наздики 1,5 млрд. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 13,1% (224 млн. доллар) камтар аст. Нисбатан ба таври назаррас кам шудани воридоти мошин ва таҷҳизот, металлҳои арзон, маҳсулоти растанӣ, маҳсулоти саноати кимиё ва асбобу лавозимоти тиббӣ қайд шудааст.

Муддати се сол аст, ки пайдарпай ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз ҳисоби коҳиши воридот кам мешавад. Ҳаҷми воридоти моҳона ба ҳисоби миёна аз 358 млн. доллар дар давраи авҷи соли 2014 дар соли 2015 то ба 258 млн. доллар кам шуд.

Соли гузашта Тоҷикистон ҳар моҳ ба ҳисоби миёна ба маблағи 250 млн. доллар маҳсулот ворид мекард. Тӯли 7 моҳи соли равон ин нишондиҳанда боз 38 млн. доллар – то 212 млн. доллар поин рафт.

Давоми моҳҳои январғиюли соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 508 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли пешин 12% камтар аст.

Ҳаҷми муомилоти мол бо Қазоқистон дар ин давра беш аз 460 млн. долларро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин қариб 30% афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози соли ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин ба миқдори 43% поин рафта, ҳудуди 314 млн. долларро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио