Солизода нахустин директори Оркестри симфонӣ таъин шуд

Дар Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Тоҷикистон нахустин директор таъин шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони Президенти Тоҷикистон Олимҷон Солизода Директори МД «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин карда шуд. Олимҷон Солизода 24 октябри соли 1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи санъати Донигоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Солизода […]

Asia-Plus

Дар Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Тоҷикистон нахустин директор таъин шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони Президенти Тоҷикистон Олимҷон Солизода Директори МД «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин карда шуд.

Олимҷон Солизода 24 октябри соли 1967 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи санъати Донигоҳи давлатии Хуҷанд мебошад.

Солизода фаъолияти худро ба сифати овозхон дар ансамбли «Нури Хуҷанд» оғоз намуда, ба ҳаёси саркоргардони гурӯҳи «Базморо», директори Театри давлатии драмавии «Бӯстон», сармутахассиси Вазорати фарҳанг, муовини директори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст.

Олимҷон Солизода писари овозхони маъруфи сурудҳои классикӣ Алиҷон Солиев мебошад.

Қобили зикр аст, ки Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо фармони Президент 23 августи соли гузашта таъсис дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.