Ҷонибдории фраксияи ҲХДТ аз пешниҳодҳои президент оид ба танзими расму оин

Шӯрои палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯзаи худ лоиҳаи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Президент ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шӯрои палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯзаи худ лоиҳаи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Президент ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»,  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Роҳбари фраксияи парлумонии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Бахтовар Сафарзода бо итминон изҳор кард, ки ҳамаи 43 нафар вакилони ҳизб якдилона аз ташаббусҳои навбатии Пешвои миллат, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ва арзишҳои миллӣ нигаронида шудааст, ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Сафарзода, пешниҳодҳои Сарвари давлат оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» асосан аз пешниҳодҳои сокинони ҷумҳурӣ, ки зимни сафарҳои Президент ба минтақаҳо садо доданд, таҳия шудаанд.

Зимни суханронии имрӯза дар ҷаласа раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо аз ҷониби президент ба қонуни зикршуда «иқдоми инқилобии сарвари давлат» унвон кард.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки тағйиру иловаҳо ба қонун бо назардошти ақидаву пешниҳодҳои сокинони кишвар таҳия гардида, ҳадафи асосии он ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, сарфаи маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии ҳар як қишри ҷомеа аст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамаи тағйиру иловаҳои аз ҷониби Президент пешниҳодшуда ҷиҳати баррасии муфассал ба кумита ва комиссияҳои соҳавии палатаи поёнии парлумон фиристода шуданд.

Дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки санаи 23 август баргузор мешавад, доир ба масъалаҳои зикргардида қарори ниҳоӣ қабул хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио