Коршинос: Бо афзоиши низомиён мавқеи ИМА дар Афғонистон пурзӯр мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки бо сафарбарии боз 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ба Афғонистон, Доналд Трамп мавқеи кишвари худро дар ин минтақаи барои ҷаҳон муҳим пурзӯр мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон аз ин лиҳоз муҳим шуморида мешавад, ки паҳлӯяш Русия, Эрон, Чин, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд.

«ИМА ҳеҷ гоҳ воқеъан ҳам барои ноил гардидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон талош наварзидааст, ҳеҷ гоҳ бо Ал-Қоида ва пешвои он Усома бин Лодан, бо Толибон, бо Давлати исломӣ, истеҳсоли маводи нашъаовар ҷиддӣ ба мубориза напардохтааст, – иброз дошт коршинос. – Низоъи идомадошта дар Афғонистон хеле зиёд ба нафъи Вашингтон буда, барои ба муддати тӯлонӣ дар минтақа боқӣ мондани ИМА мусоидат мекунад».

Нуралӣ Давлат мутмаин аст, ки ба Вашингтон роҳандозии ҷанг дар ҳамаи нуқтаҳои манфиатовар ҳеҷ мушкилие надорад.

Қобили зикр аст, ки Президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи нави кишвараш оид ба Афғонистонро ба имзо расонида, акнун мувофиқи ин стратегия 4 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ иловатан ба Афғонистон фиристода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...