Иқтисодчии ХБА ба Бонки миллӣ дар ҳалли масъалаҳо кумак мекунад

Дар мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо иқтисодчии аршади Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Филлип Бартоломей масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши молия ва пешниҳоди кӯмаки техникии ХБА дар самти пурзӯр намудани назорати бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар оғоз иқтисодчии аршади Хазинаи Байналмилалии […]

Шуъбаи матбуоти БМТ

Дар мулоқоти Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо иқтисодчии аршади Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Филлип Бартоломей масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши молия ва пешниҳоди кӯмаки техникии ХБА дар самти пурзӯр намудани назорати бонкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар оғоз иқтисодчии аршади Хазинаи Байналмилалии Асъорро бо вазъи кунунии низоми бонкии ҷумҳурӣ, навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон шинос намуд. Зикр гардид, ки мушкили асосӣ дар низоми бонкӣ сатҳи баланди қарзҳои ғайрифаъол, ҷой доштани мушкилиҳои пардохтпазирӣ ва суст будани раванди идоракунии корпоративӣ дар бархе аз ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб рафта, рафъи он ба манфиати тамоми низоми бонкии ҷумҳурӣ хоҳад буд. Дар робита ба ин, зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт дар доираи кӯмаки техникӣ ба ҷалби мушовирон ниёз дорад.

Дар навбати худ, Филлип Бартоломей изҳор намуд, ки дар ХБА вазъи ҷории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таҳлил мешавад ва ӯ ҳамчун мутахассиси ин ниҳоди молиявӣ ба натиҷаҳои мусбати ислоҳот дар ин самт бовар дорад.

Иқтисодчии аршади ХБА зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои ташрифи ҳайати мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон – муаррифии мушовири дарозмуҳлати ХБА дар самти назорати бонкӣ Эдвард Нолан мебошад. Қайд гардид, ки Эдвард Нолан ҳамчун яке аз мутахассисони варзида дар бахши назорати бонкӣ, идоракунии корпоративӣ ва идоракунии хавфи қарзӣ, таҷрибаи ғании корӣ дар таҷдиди бонкҳои марказии як қатор кишварҳо, аз ҷумла, Венгрия, Словакия ва Косоваро дошта, дар Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳлати як сол бо мақсади такмили мақоми танзим ва назорати бонкии кишвар дар се самт – таҳлили фаъолияти бонкӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳо, санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва назорати маҷмӯии ташкилотҳои қарзӣ кор хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.