Коршинос: Бо афзоиши низомиён мавқеи ИМА дар Афғонистон пурзӯр мешавад

Сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки бо сафарбарии боз 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ба Афғонистон, Доналд Трамп мавқеи кишвари худро дар ин минтақаи барои ҷаҳон муҳим пурзӯр мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон аз ин лиҳоз муҳим шуморида мешавад, ки паҳлӯяш Русия, Эрон, Чин, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд. […]

Сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки бо сафарбарии боз 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ба Афғонистон, Доналд Трамп мавқеи кишвари худро дар ин минтақаи барои ҷаҳон муҳим пурзӯр мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон аз ин лиҳоз муҳим шуморида мешавад, ки паҳлӯяш Русия, Эрон, Чин, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд.

«ИМА ҳеҷ гоҳ воқеъан ҳам барои ноил гардидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон талош наварзидааст, ҳеҷ гоҳ бо Ал-Қоида ва пешвои он Усома бин Лодан, бо Толибон, бо Давлати исломӣ, истеҳсоли маводи нашъаовар ҷиддӣ ба мубориза напардохтааст, – иброз дошт коршинос. – Низоъи идомадошта дар Афғонистон хеле зиёд ба нафъи Вашингтон буда, барои ба муддати тӯлонӣ дар минтақа боқӣ мондани ИМА мусоидат мекунад».

Нуралӣ Давлат мутмаин аст, ки ба Вашингтон роҳандозии ҷанг дар ҳамаи нуқтаҳои манфиатовар ҳеҷ мушкилие надорад.

Қобили зикр аст, ки Президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи нави кишвараш оид ба Афғонистонро ба имзо расонида, акнун мувофиқи ин стратегия 4 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ иловатан ба Афғонистон фиристода мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.