Кормандони КҲФ падару духтарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд падар ва духтареро наҷот доданд, ки дар “Баҳри тоҷик” дар ҳоли ғарқ шудан қарор доштанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, сокини 29-солаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳангоми сайр дар гидросикл ҳамроҳ бо духтари 8-солааш қоидаи техникаи бехатариро вайрон карда, дар […]

Кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд падар ва духтареро наҷот доданд, ки дар “Баҳри тоҷик” дар ҳоли ғарқ шудан қарор доштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, сокини 29-солаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳангоми сайр дар гидросикл ҳамроҳ бо духтари 8-солааш қоидаи техникаи бехатариро вайрон карда, дар натиҷа гидросикл чаппагардон шуд ва падару духтари зери он монданд.

Гуфта мешавад, наҷотбахшони Кумита саривақт ба кумак расида, дар як лаҳза онҳоро аз об берун кашидаанд ва ба наҷотёфтагон кумаки аввалияи тиббӣ расонида, онҳо бистарӣ шудан дар бемористонро рад кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки баъдтар маълум шудааст, ки ин мард ҳангоми идораи гидросикл аз истеъмоли шароб сархуш будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.