Оғози ҳафтаи фарҳанги Бадахшон дар вилояти Суғд

Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд санаи 21 августи соли равон оғоз гардид. Меҳмононро дар даромадгоҳи нақби «Истиқлол»-и ноҳияи Айнӣ муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят бо гулу гулдаста, карнаю сурнай ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд. Ҳамчунин, баъди қабул, меҳмонон ба […]

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд санаи 21 августи соли равон оғоз гардид.

Меҳмононро дар даромадгоҳи нақби «Истиқлол»-и ноҳияи Айнӣ муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят бо гулу гулдаста, карнаю сурнай ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд.

Ҳамчунин, баъди қабул, меҳмонон ба самти деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ раҳсипор гардиданд. Сипас, аз ҷониби меҳмонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пояи муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулчамбар гузошта, илова бар ин фарҳангчиёни бадахшонӣ аз Хона – мӯзейи ин шоири номдор дидан намуданд.

Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон» баргузор гардид.

Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ меҳмонони бадахшонӣ ба чор шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Ҷаббор Расулов раҳсипор гардиданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд то 26 августи соли 2017 ҷараён мегирад ва дар он беш аз 850 нафар аҳли фарҳанг, илму ҳунар иштирок меварзанд.

Фарҳангчиёни ВМКБ дар ин Ҳафта аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии вилоят дидан намуда, инчунин ҳунару маҳорати худро баҳри сокинони вилоят намоиш медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.