Аз сӯхтор дар Ростов беш аз 100 манзил ба коми оташ рафт

Бар асари сӯхтор дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия, ки майдони 10 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, дар хомӯш кардани он қариб 2 ҳазор нафар иштирок карданд, 118 манзили сокинони шаҳр осеб дида, 58 нафар барои кумаки тиббӣ муроҷиат ва 9 нафарашон бистарӣ шудаанд. Дар Раёсати минтақавии ВКД изҳор намудаанд, ки аз рӯи далели сар […]

Бар асари сӯхтор дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия, ки майдони 10 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, дар хомӯш кардани он қариб 2 ҳазор нафар иштирок карданд, 118 манзили сокинони шаҳр осеб дида, 58 нафар барои кумаки тиббӣ муроҷиат ва 9 нафарашон бистарӣ шудаанд.

Дар Раёсати минтақавии ВКД изҳор намудаанд, ки аз рӯи далели сар задани сӯхтор оид ба дидаву дониста нобуд кардани амвол парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар бораи гумонбаршудагони ин амал ё боздоштшудагон маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки нимаи рӯзи 21 август дар маркази таърихии шаҳри Ростови лаби Дон дар манзилҳои хусусӣ сӯхтор сар зада, аз гармии зиёд ва шамоли сахт алангаи оташ хеле зуд ба биноҳои паҳлӯ ва гирду атрофи мавзеъ паҳн шуд.

Барои хомӯш кардани сӯхтор 7 адад чархбол ва ҳавопаймоҳо сафарбар шуданд. Сокинони маҳаллаи осебдида гуфтаанд, ки ба онҳо бо сабаби розӣ нашуданашон ба фурӯши қитъаи заминашон ба оташзании манзилашон таҳдид карда будаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.