Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷиратро қонунӣ мекунанд. Чӣ гуна?

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ созишномаи байнихукуматӣ барои қонунигардонии муҳоҷирати корӣ ба Кореяро омода мекунанд. Квота дода намешавад, муҳоҷирон ба ин кишвар мувофиқи талаботи ширкатҳо мераванд.

То ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон барои кору иқомати қонунӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ имкон надоранд, зеро ин кишвар муҳоҷиронро танҳо мутобиқи шартномаи байниҳукуматӣ қабул мекунад.

Айни замон ин кишварҳо 16-то мебошанд, ки аз минтақаи мо ба он Қирғизистону Ӯзбекистон ҳам шомиланд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд, раводиди сайёҳӣ гирифта, дар ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон бо Кореяи Ҷанубӣ дар ин хусус гуфтушунид ҷараён дошта, дар сурати мусбат анҷом пазируфтани он, аллакай аз соли нави 2018 ин кишвар ба қабули муҳоҷирони тоҷик оғоз мекунад.

Чӣ гуна?

«Квотаи муайяне ҷудо карда намешавад. Ҳамватанони мо мувофиқи талаботи ширкатҳои ин кишвар ба Кореяи Ҷанубӣ хоҳанд рафт, яъне агар талабот 100 ҳазор нафар бошад, метавонем 100 ҳазор нафар ва агар талабот 5 ҳазор нафар бошад, ҳамин миқдор фиристода метавонем», – иброз дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷироне, ки ба Кореяи Ҷанубӣ сафарбар мешаванд, бояд дар курси 45 соата дар Тоҷикистон калимаҳои заминавии забони кореягӣ, таърих ва фарҳанги ин кишварро омӯхта, ҳамчунин Вазорати меҳнат низ оид ба ихтисосҳои алоҳида метавонад барои муҳоҷирон курсҳои омодагӣ баргузор намояд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, музди меҳнати муҳоҷирон беш аз 2 ҳазор долларро ташкил дода, манзили онҳоро корфармо таъмин мекунад. «Аммо мо муҳоҷирони омоданабударо худамон сафарбар намекунем», – қайд кард манбаъ.

Сатҳи тахассусӣ чӣ қадр баланд бошад, ҳамон қадар осонтар аст

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, имрӯз ҳудуди 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ кор мекунанд, аммо кор барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ душвор буда, онҳо ба ҷамъоварии ҳосил, кор дар ошхонаву тарабхонаҳо, боркаш дар корхонаҳо ва дигар корҳои душвору заҳматталаб ҷалб карда мешаванд, яъне вақти кории якрӯзаи онҳо дар шароити душвор 10-12 соатро ташкил дода, агар онҳо аз ҷониби мақомот боздошт шаванд, дар ҳаҷми зиёд ҷарима пардохта ё ба муҳлати 5 сол истирдод мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, вазъи мутахассисони соҳибтаҷриба тамоман дигар аст. Шаҳрвандони соҳибтахассуси Тоҷикистон бо даъвати ширкатҳо соҳиби раводид шуда метавонанд. Ин гуна мутахассисон асосан дар ширкатҳои IT, мошинсозӣ, истеҳсоли техникаи маишӣ ва сохтмон соҳиби ҷойҳои корӣ мешаванд. Донистани забон афзалият дошта, ба сатҳи пардохти музди меҳнат ҳам таъсир расонида метавонад.

Ҳамчунин барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки кореягиҳои этникӣ мебошанд, баъзе афзалиятҳо вуҷуд доранд. Онҳо метавонанд барои дастрасии раводиди Н2 ё раводиди F4 (он корӣ нест, вале дар соҳаҳои муайян ба кор кардан имкон медиҳад) ҳуҷҷат супоранд. Раводиди мазкурро кореягиҳои этникӣ мувофиқи барномаҳои махсусе, ки ба ҷалби ҳамватанон дар хориҷи кишвар нигаронида шудааст, дастрас карда метавонанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҷмӯъ метавонанд раводидҳои тиҷоратӣ, донишҷӯӣ ва агар кореягии этникӣ бошанд, раводиди Н2 (корӣ)-ро дастрас кунанд.

Дар ҳамин ҳол, касоне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, метавонанд ба муҳлати 60 рӯз бидуни раводид ба Кореяи Ҷанубӣ ворид шаванд ва дар маҷмӯъ 180 рӯз дар як сол метавонанд дар қаламрави ин кишвар ҳузур дошта бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.