Гуштигири ҷавони тоҷик медали тиллои Ҷоми Аврупоро соҳиб шуд

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқа дар шаҳри Аради Руминия баргузор шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кило дар даври муқаддамотӣ бар Костиатин Ноткин (Украина) ва Александр Габлер (Олмон) ғалаба карда, ба даври […]

Маркази матбуоти КМО Тоҷикистон

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқа дар шаҳри Аради Руминия баргузор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кило дар даври муқаддамотӣ бар Костиатин Ноткин (Украина) ва Александр Габлер (Олмон) ғалаба карда, ба даври дигар роҳхат гирифт. Дар даври нимфинал ва финал 2 варзишгари украинӣ – Каро Марандиан ва Олег Овчаренкоро шикаст дода, унвони қаҳрамониро ба даст овард.

Сомон Маҳмадбеков ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд. Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон бо ширкати 248 варзишгар (156 мард, 92 зан) аз 33 давлат доир гардид. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони кишвари мизбон – Руминия бо 3 медали тилло, 1 нуқра, 10 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардиданд. Мақоми дуюмро Хорватия (2 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ва ҷои сеюмро Маҷористон (2 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 9-ум қарор гирифт.

Сомон дастпарвари мактаби дзюдои Иркутск (Руссия) буда, таҳти назари мураббиёнаш Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков тамрин ва дар мусобиқаҳо Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ӯ моҳи апрели соли равон дар Ҷоми Африқо оид ба дзюдо миёни ҷавонон низ ғолиб шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.