ВАО: Трамп стратегияи нав оид ба Афғонистонро имзо кард

Президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи нави кишвараш оид ба Афғонистонро ба имзо расонид. Бино ба навиштаи РБК, акнун мувофиқи ин стратегия 4 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ иловатан ба Афғонистон фиристода мешаванд. Тибқи маълумоти шабакаи телевизионии Fox News, ин тасмими Трамп рӯзи 19 август зимни вохӯрии ӯ дар бӯстонсарои бернузшаҳриаш Кэмп-Дэвид бо «генерал ва низомиёни […]

Президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи нави кишвараш оид ба Афғонистонро ба имзо расонид.

Бино ба навиштаи РБК, акнун мувофиқи ин стратегия 4 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ иловатан ба Афғонистон фиристода мешаванд.

Тибқи маълумоти шабакаи телевизионии Fox News, ин тасмими Трамп рӯзи 19 август зимни вохӯрии ӯ дар бӯстонсарои бернузшаҳриаш Кэмп-Дэвид бо «генерал ва низомиёни воломақом»-и амрикоӣ қабул шудааст.

«Мо дигар ба давлатсозӣ машғул намешавем. Мо террористонро нобуд мекунем. Ман гуфта наметавонам, ки мо кай ҳамла карданием, вале мо ҳамла хоҳем кард», – иброз доштааст Доналд Трамп.

Дар робита ба тарзи ҳамкорӣ бо Покистон Трамп қайд кардааст, ки аз шарикӣ бо ИМА Покистон хеле «бурд» мекунад, вале «агар ба ҷинояткорону террористон рӯ орад», метавонад, «бисёр бохтҳое ҳам дошта бошад».

Ғайр аз ин, Доналд Трамп гуфтааст ИМА ба Ҳиндустон низ фишор хоҳанд овард, то ки Ню-Дели ба дастгирии рушди иқтисоди Афғонистон тақвият бахшад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.