Кӯчарӯби тоҷик қариб аз гӯшаш маҳрум шуда буд. Барои як эроди ночизе…

Як эроди кӯтоҳи кӯчарӯби тоҷик ба зане, ки сагаш болои гӯлҳои шинондаи ӯ дар саҳни манзили бисёрошёнае дар Москва ахлот мекард, боис ба латту кӯб ва газида шудани гӯшаш шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Давлатзода гуфтааст, рӯзи 15-уми август ҳангоми ҷамъоварии партовҳо ба зане, ки мегузошт сагаш ба болои гулҳои шинондаи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Як эроди кӯтоҳи кӯчарӯби тоҷик ба зане, ки сагаш болои гӯлҳои шинондаи ӯ дар саҳни манзили бисёрошёнае дар Москва ахлот мекард, боис ба латту кӯб ва газида шудани гӯшаш шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Давлатзода гуфтааст, рӯзи 15-уми август ҳангоми ҷамъоварии партовҳо ба зане, ки мегузошт сагаш ба болои гулҳои шинондаи ӯ ахлот кунад, эрод гирифт ва тамоми мушкилоташ аз онҷо оғоз шуд. “Ба хубӣ гуфтам, ки бигзор сагаш дар ҷойи дигар қазои ҳоҷат кунад. Ин зани ношинос дар ҷавоб гуфт, ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба ман эрод мегирӣ?” – нақл кард Давлатзода.

Ин муҳоҷири 51-солаи тоҷик мегӯяд, зоҳиран ҳамон рӯз гапи байни ӯву ин зани рус ба поён расида буд: “Аммо субҳи дигар, вақте бо чойник ба гулҳо об мерехтам, марде омада бе пурсупос маро зад. Чойник аз дастам парид. Дандонҳоям шикастанд ва билохира худамро аз дасташ раҳо карда гурехтам”.

Пас аз ин ҳодиса Маҳмадулло Давлатзода ба идораи пулис шикоят мебарад, аммо кормандони пулис ӯро мутақоид мекунанд, ки беҳтар аст аризаро бозпас бигирад ва аз пайи муноқиша наравад. Аммо ин гузашти Давлатзода боиси бори дигар мавриди ҳамла қарор гирифтанаш шудааст. “Рӯзи дигар, вақте партовҳоро ҷамъ мекардам, боз ҳамон мард омад. Аз дастам қапида гуфт, ки рафтем аз зани ман бахшиш мепурсӣ ваё дигар дар инҷо кор намекунӣ. Дар дасташ корд дошт. Гуфтам, ки намеравам. Баъд кашмакаш кардем. Ӯ гӯши маро то канда шудан газид ва баъд гурехт. Ман доду вой кардам. Дар ҳамин вақт касе маро халос кард, лекин намедонам кӣ буд”, – гуфт Маҳмадулло Давлатзода.

Маҳмадулло Давлатзода 10 сол боз ба ҳайси кӯчарӯб дар як бинои серошёна дар Маскав кор мекунад. Аксарияти сокинони ин бино ӯро мешиносанд ва аз сифатҳои хуби ӯ тавсиф мекунанд.

Ирина Бирюкова, яке аз вакилони мудофеи созмони “Общественный вердикт” гуфт, Давлатзода дар як ҳолати афсурдагӣ қарор дорад ва бинобар ин ӯ аз номи Давлатзода ба унвонии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи тафтишоти Русия шикоят бурдааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.