Сарвазири Қирғизистон номзад ба мансаби президентӣ сабтином шуда, истеъфо дод

Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи ахири ҳукумати ин кишвар истеъфояшро расман эълом кард. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», ӯ пештар, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ ба мақоми президентӣ дар интихоботи Қирғизистон гуфта буд, намедонад, ки раҳбарии ҳукумати кишварашро кӣ ба зимма мегирад. Жээнбеков дар шарҳи тасмими истеъфояш ба рӯзноманигорон афзуд, ин масъаларо бо президенти Қирғизистон […]

Хабаргузории «Озодагон»

Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Қирғизистон дар ҷаласаи ахири ҳукумати ин кишвар истеъфояшро расман эълом кард.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», ӯ пештар, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ ба мақоми президентӣ дар интихоботи Қирғизистон гуфта буд, намедонад, ки раҳбарии ҳукумати кишварашро кӣ ба зимма мегирад.

Жээнбеков дар шарҳи тасмими истеъфояш ба рӯзноманигорон афзуд, ин масъаларо бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев баррасӣ кардааст: "Президент аз ин тасмим ҷонибдорӣ кард ва ман бояд дар интихобот дар шароити баробар бо номзадҳои дигар иштирок кунам".

То кунун дар Қирғизистон се нафар — Сооронбой Жээнбеков аз ҲСДҚ, раҳбари ҳизби "Оқ Шумқор" Темир Сариев ва раҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби "Республика – Ота журт" Омурбек Бабанов расман ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи октябри Қирғизистон ба қайд гирифта шуданд.

Баъди қабули истеъфои раиси ҳукумати Қирғизистон аз тарафи президент порлумони ин кишвар дар ҷаласаи ғайринавбатии худ, ки қарор аст 25 август баргузор шавад, сохтори девони вазирон ва ҳайати онро ба баррасӣ хоҳад гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.