Шаҳрванди Русия Татяна Хужина 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Шоми рӯзи 21 август суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро, ки ба қочоқи тангаи қадимии замони Русия подшоҳӣ гумонбар дониста мешуд, ба маблағи 100 нишондиҳандаи ҳисоб, ки ба 5 ҳазор сомонӣ баробар аст, ҷаримабандӣ кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 6 соли зиндон дархост намуда буд. Ба гуфтаи Рустам Ҳакимов, адвокати Татяна, […]

Шоми рӯзи 21 август суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро, ки ба қочоқи тангаи қадимии замони Русия подшоҳӣ гумонбар дониста мешуд, ба маблағи 100 нишондиҳандаи ҳисоб, ки ба 5 ҳазор сомонӣ баробар аст, ҷаримабандӣ кард.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 6 соли зиндон дархост намуда буд.

Ба гуфтаи Рустам Ҳакимов, адвокати Татяна, зимни содир намудани ҳукм суд духтарчаи хурдсол доштани гумонбаршударо ба инобат гирифт.

Ҳамчунин адвокат зикр кард, ки бо қарори суд тангаи аз Хужина мусодирашуда ба ихтиёри яке аз осорхонаҳои Тоҷикистон супурда мешавад.

Айбдоршаванда хурсандии худро аз қарори суд пинҳон надошта, чунин изҳор намуд: «Ман хеле миннатдорам, ки суд нияти бад надоштани ман дар содир гардидани ин ҷиноятро ба инобат гирифта, нисбати ман раҳму шафқат зоҳир кард, чунки ман духтарчаи хурдсол дорам».

Татяна ҳамчунин ба тамоми ВАО, ки мурофиаро пайгирӣ карданд, низ миннатдорӣ изҳор кард: «Ман аз ҳамаи мардуми оддӣ низ миннатпазирам, ки маро дастгирӣ карданд, смс-паёмакҳо ирсол намуданд ва ба ҳамаи касоне, ки кумаки худро аз ман дареғ надоштанд».

Татяна Хужина ҷаримаи муқарраршударо дар муддати 10 рӯз пардохт карданист.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.